Arzon march 2024
Вазири корҳои хориҷии Русия: Мо бо “Толибон” дар тамос ҳастем.
1184

 

Вазири умури хориҷии Русия-Сергей Ловров, ки айни ҳол дар шаҳри Душанбе қарор дорад, зимни нишасти муштараки вазирони корҳои хориҷӣ, вазирони дифоъ ва дабири Шӯрои амнияти СААД гуфт, ки барои чӣ Руссия бо “Толибон” дар тамос аст.

Сергей Лавров гуфт, ки тамос бо “Толибон” барои рафъи ҳама гуна хатарҳо ба Осиёи Марказӣ зарур аст.
““Толибон” аллакай дорои ҳадафҳои худ ҳастанд ва онҳо эълом карданд, ки бо қочоқи маводи мухаддир мубориза хоҳанд бурд ва барои кишварҳои Осиёи Марказӣ хатар эҷод нахоҳанд кард”-иброз дошт Лавров.
Вазири умури хориҷии Русия эътимод кардан ба “Толибон”-ро саривақтӣ наҳисоби ва гуфт, ки барои шинохтани ин ҳукумати нав вақт лозим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД