Силсилакушторҳои ваҳшиёна дар шаҳри Конибодом, ки тӯли чанд моҳ мардумро ба тарсу ҳарос афканда буданд, фақат бо мақсади дуздию ғоратгарӣ содир карда шудаанд ё дар паси ин ҳодисаҳои хунин гурӯҳи муайян, ки ҳадафҳои дигар доштанд, қарор доранд?
Дар посух ба ин саволи хабарнигори сомонаи Oila.tj вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода гуфтанд: “Вобаста ба силсилаи кушторҳои ваҳшиёна дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд Прокуратураи генералии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Гурӯҳҳои якҷояи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ то ҳол кор карда истодаанд ва тафтишоти ин қазия ҳанӯз ба охир нарасидааст. Чанде аз ҷинояткорон дастгир шуда бошанд ҳам, чанд нафари дигарашон ҳанӯз дар кофтуков қарор доранд. Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷиҳати ба пуррагӣ кушодани ин ҷиноятҳо идома доранд...”.
Ёдрас мешавем, ки дар робита бо силсилаи кушторҳои ваҳшиёна дар шаҳри Конибодом Прокуратураи генералии Тоҷикистон 4 нафарро ба ҳабс гирифта, нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст, ки онҳо Худойбердиев Солеҳҷон Набиевич, таваллудаш 1-уми январи соли 1998, сокини шаҳри Конибодом, ҷамоати деҳоти Фирӯзоба, деҳаи Гулбоғ, Тухтаев Аҳадҷон Насибҷонович, таваллудаш 10-уми майи соли 1997, сокини шаҳри Конибодом, ҷамоати деҳоти Фирӯзоба, деҳаи Гулбоғ, Равшанов Бахтиёр, таваллудаш 29-уми майи соли 1988, сокини шаҳри Конибодом, ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, деҳаи Санҷидзор ва Одилов Манучеҳр Солиҷонович, таваллудаш 22-юми апрели соли 1996, сокини шаҳри Конибодом, ҷамоати деҳоти Ҳамробоев, кӯчаи М. Абдуллоев мебошанд.