Formula novemver 2024
Вазир аз афзоиши солонаи ММД гуфт
522

 

Даромадҳои пулии аҳолии кишвар тайи 23 соли охир аз 1 млрд то 113 млрд сомонӣ расидаанд, ки ин афзоиш 113 баробарро ташкил медиҳад. Ин нуктаро Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо зикр кард.

Ба баёни вазир, давоми 23 соли охир, новобаста аз таъсири манфии таҳдидҳову омилҳои берунӣ рушди иқтисоди кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,7% таъмин гардидааст.

Завқизода ҳамчунин афзоиши назарраси ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳуриро аз оғози аср таъкид намуда, гуфтааст, ки он аз 1,8 млрд сомонии соли 2000 то ба наздики 131 млрд сомонӣ расидаст. Аз ҷумла рушди иқтисоди кишвар дар соли 2023-юм 8,3%-ро ташкил додааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин нишондод асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 12%, кишоварзӣ 9%, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 22,5%, боркашонӣ 16,6%, хизматрасонии пулакӣ 14%, гардиши савдо 13% фоиз ва мусофиркашонӣ қариби 10% таъмин гардидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД