Arzon march 2024
ВАЗЪИ САЛОМАТИИ МАКСИМ ЯКБОРА ВАЗНИН ШУДААСТ
3181

 

Марина Абросимова, овозхони 38-солаи рус, ки бо тахаллуси саҳнавии МакSим машҳур аст, дар дами марг қарор дорад, хабар медиҳанд расонаҳои Русия.

Дараҷаи сирояти шушҳои овозхон, ки қаблан 40%-ро ташкил медод, ҳоло ба 75% расидааст ва вазъи саломатии ӯ нигаронкунанда арзёбӣ карда мешавад. “Марина айни ҳол ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) пайваст аст. Зиёда аз як ҳафта мешавад, ки ҳолаташ бетағйир аст. Рӯз то рӯз бад мешаваду беҳ не”,-гуфтааст Яна Богушевская, менеҷери овозхон дар суҳбат ба “Газета.ru”. Табибон ҳолати вазнини овозхонро ба назар гирифта, ӯро ба таври сунъӣ ба кома фиристодаанд ва дар ҳуҷраи “КТ-4” ҷой кардаанд. Одатан дар чунин ҳуҷраҳо бемороне бистарӣ мешаванд, ки ба илтиҳоби шуш ё COVID-19 гирифторанд ва ҳолати ниҳоят вазнин доранд. Ҳафтаи гузашта худи овозхон хабар дода буд, ки бо сирояти ҳамагӣ 40%-и шушҳояш дар бемористон қарор дорад ва табобат мегирад. Он замон санҷиши коронавируси ӯ натиҷаи манфӣ нишон дода буд ва ҳамоно натиҷа бетағйир аст. Максим феълан оиладор нест. Аз ду издивоҷи қаблиаш ду духтар дорад: Александра (2009) ва Мария (2014).

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД