Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкилоти алоқаи мобилӣ ва интернет дар минтақаҳо гурӯҳи корӣ таъсис додааст.
Гуфта мешавад, ки гурӯҳи корӣ аз намояндагони Хадамот ва ширкатҳои мобилӣ иборат буда, аллакай ба ноҳияҳои атрофи Душанбе, Восеъ ва Кӯлоб сафар намуда, вазъи шабакаҳоро аз наздик санҷидаанд.
Ба ширкатҳои мобилӣ супориш дода шудааст, ки новобаста аз қатъ ё камбуди барқ, истгоҳҳои мобилиро мунтазам фаъол нигоҳ доранд. Ҳамчунин ширкатҳо вазифадор шудаанд, ки муштариёнро пешакӣ дар бораи ҳар гуна қатъи хизматрасонӣ огоҳ кунанд.
Хадамоти алоқа аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки мушкилотро бо нишон додани суроға, вақти рух додани он ва номи оператор ба Хадамот хабар диҳанд.