sebiston july new
Вақте нозири роҳ мошинро манъ мекунад, ба назди ӯ рафтан ҳатмӣ аст?
30.08.2024
ОИЛА.ТҶ
986

Мошини маро корманди БДА дар роҳ нигоҳ дошт. Ҳудуди 4 дақиқа ӯро дар дохили воситаи нақлиётам мунтазир шудам, вале наомад. Бинобар ин, ман мошинамро ронда, роҳамро идома додам. Вале корманди БДА ба нуқтаи назоратӣ хабар додааст, ки гӯё ман ба ӯ итоат накарда, нақлиётамро манъ накардаам ва нисбат ба ман чораандешӣ шуд. Мехоҳам донам, ки вақте нозири роҳ маро нигоҳ дошт, дар чанд дақиқа агар ӯ наояд, ман ҳуқуқи рафтанро дорам? Ва ё ман бояд ҳуҷҷатҳоро гирифта, ба назди ӯ равам?

Амонуллои САИД, шаҳри Кӯлоб

- Шумо бояд 5-10 дақиқа корманди БДА-ро интизор мешудед, вале дар ҳеҷ маврид шумо вазифадор нестед, ки фаромада, ба назди нозири роҳ равед.

Тибқи талаботи қонунгузорӣ дар самти ҳаракат дар роҳ, ронанда дар сурати манъ кардани мошинаш аз ҷониби нозири роҳ ҳақ надорад аз мошин берун барояд. Дар сурати берун шудан ронанда ҷарима карда мешавад.

Баръакс, нозири роҳ бояд ба назди воситаи нақлиёт омада, худро муаррифӣ намуда, сабаби манъ кардани воситаи нақлиётро баён кунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД