Sebiston new 2024 october
Вақте ки кӯдакро офтоб мезанад...
569

Фасли тобистон фаро расида, кӯдакону наврасон ба таътили тобистона баромаданд. Модарони бепарвое ҳастанд, ки рӯзи дароз кӯдакони худро бе назорат мегузоранд. Бачаҳо аз ин бепарвоии модар истифода карда, рӯзи дароз дар зери офтоби сӯзон давутоз ва шӯхию бозӣ карда мегарданд. Дар натиҷа кӯдакро офтоб зада, бемор мешавад...

Аксари падару модарон офтобзадагиро аслан беморӣ ҳам ҳисоб намекунанд, вале тез-тез қай кардан, дарунрав ва дилбеҳузурӣ, ки дар асари офтоб задан кӯдакро азият медиҳад, метавонад боиси камобшавии ҷисм ва сар задани мушкилоти ҷиддӣ дар саломатии фарзанди шумо гардад.

Барои пешгирӣ чӣ бояд кард?

Барои он ки кӯдакони шуморо офтоб назанад, дар соатҳои гарми рӯз онҳоро ба кӯча набароред. Кӯшиш кунед, ки танҳо субҳу шом кӯдаконро ба сайругашт бароред. Таъкид намоед, ки фарзандонатон қабл аз ба кӯча баромадан ҳатман аз воситаҳои зидди офтобӣ истифода баранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД