Arzon march 2024
Варзоб: Сокинон оқибатҳои селро тоза доранд
328

Кормандони ҳукумати ноҳияи Варзоб, сарбозон ва сокинони маҳаллӣ ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудан оқибатҳои офати табиӣ дар мавзеъҳои селзадаи ноҳия сафарбар гардиданд.

Дар ноҳия баҳри дар кутоҳтарин муҳлат бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ Ситоди ноҳиявӣ таъсис дода шуд, ки ба он намояндагони тамоми ташкилоту идораҳои дахлдор шомил гардиданд. Тамоми техникаи зарурӣ баҳри тоза намудани роҳу кўчаҳои селзада аз гил равона шудааст.

Корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар мавзеъҳои дигари ҳудуди ноҳия идома доранд. Имрӯз ҷустуҷӯгарон дар ин мавзеъ 4 ҷасад ёфтанд, ки дар миёнашон як тифлаки 40-рӯза низ будааст.

Ёдовар мешавем, ки 27 август, тахминан соати 14:40 дар натиҷаи бориши шадид дар километри 50-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар ноҳияи Варзоб сел ба амал омад.

Инчунин дар километри 21-ум ва дар ҳудуди дараи Харангони ноҳияи Варзоб техникаи муҳандисии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҷалб гардида, роҳи деҳаи Буваки Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ аз гил тоза шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД