Дар шаш моҳи соли 2023 Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамдастӣ бо федератсияҳои варзишӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии кишвар 407 варзишгар, аз ҷумла 38 нафар бонувони варзишгарро, ки узви дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон мебошанд, аз намуди варзиши олимпӣ ва ғайри олимпӣ ба 34 мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ сафарбар намуд.
Варзишгарони тоҷик аз ин мусобиқоти ҷаҳонӣ бо 143 медал ба Ватан баргаштанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26 медал зиёдтар аст. Дар ин бора Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Раҳмонзода Абдулло зимни нишасти хабарӣ маълумот дод.
Аз 143 медале, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ ба даст овардаанд, 24 медал дастоварди бонувони варзишгар мебошад. Варзишгарони мо аз ин мусобиқаҳо дар маҷмӯъ 43 медали тилло, 32 медали нуқра ва 68 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.
Шумораи медалҳои тиллоӣ ба даст овардаи варзишгарони тоҷик нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 адад бештар аст.