Дар мусобиқаи байналмилалии Каратэ-киокушинкай, ки дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон доир шуд, варзишгарони наврасу хурдсоли тоҷик 8 медал - 4 тило, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.
Ин мусобиқа бо ширкати 6 кишвар ба муносибати 34-умин солгарди истиқлоли Қазоқистон доир шуд. Дар ин бора Неъматулло Кароматов, раиси Федератсияи каратэ-киокушинкайи Тоҷикистон ба расонаҳо хабар додааст. Ӯ гуфтааст, ки дар ин мусобиқа бори аввал варзишгарони хурдсол аз Тоҷикистон ширкат карда, натиҷаи хуб ба даст овардаанд.
Варзишгарони тоҷикро шоми 24-уми декабр дар фурудгоҳи Душанбе волидону наздикони онҳо ва масъулини мақомоти марбута пешвоз гирифтанд.