Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон бар пояи назарсанҷии рӯзноманигорони риштаи варзиш 10 варзишгари беҳтарини соли 2025-ро муайян кардааст.
Тавре раиси АЖРВТ Нарзулло Латипов зимни суҳбат бо хабарнигорон иттилоъ додааст, ба даҳгонаи варзишгарони беҳтарини сол намояндагони 5 намуди варзиш - ҷудо, муштзанӣ, қаиқронӣ дар каноэ, куштии озод ва тенниси рӯйи миз ворид шудаанд.
Инҳо Эмомалӣ Нуралӣ, Хусравхон Раҳимов, Темур Раҳимов, Обид Ҷебов, Акмал Убайдов, Муҳиддин Асадуллоев, Мадина Қурбонзода, Шаҳриёр Даминов, Абдулмаҷид Кудиев ва Саъдӣ Исмоилов мебошанд, ки дар мусобиқаҳои гуногуни варзишии байналмилалӣ сазовори медалҳои тило, нуқра ва биринҷӣ гашта, обрӯю нуфузи варзиши тоҷикро дар сатҳи ҷаҳон баланд бардоштаанд.