Formula novemver 2024
Варзишгари тоҷик барандаи нишони тиллои Чемпионати ҷаҳон оид ба бодибилдинг шуд
277

Дар ҷазираҳои Маафушии кишвари Молдив Чемпионати ҷаҳон дар риштаи бадансозӣ (бодибилдинг) баргузор шуд. Дар ин мусобиқа беҳтарин варзишгарони қораи Осиё ширкат варзиданд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, намояндаи Тоҷикистон - Ясмин ан-Нимр ба гирифтани нишони тилло дар ин мусобиқаи бонуфуз даст ёфт.

Қобили зикр аст, ки Ясмин узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бодибилдинг буда, 3-карата қаҳрамони ҷаҳон дар ин риштаи варзиш маҳсуб мешавад.

Ясмин аз соли 2015 ба ин сӯ ба варзиш машғул аст. Барои тамрин гоҳ-гоҳе ба толори варзишӣ мерафт. Додараш дар риштаи бокс тамрин мекард. Ҳамон вақт меҳри варзиш дар дили Ясмин аланга мезад. Рӯзе Ясмин дар толори варзишии “Лидер” бо Олим Парпев вомехӯрад ва ҳамин сабаб мешаваду ӯ ба варзиш рӯй меорад. Мураббиаш низ дар ин риштаи варзиш Олим Парпиев мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД