Варзишгари тоҷик Бахтовар Юнусов дар мусобиқаи YFU 95, ки дар шаҳри Чжэнчжоуи Чин баргузор шуд, бар намояндаи мизбон Чжан Синхэ пирӯз гардид.
Юнусов рақибашро бо қарори якдилонаи доварон мағлуб карда, натиҷаи касбии худро ба 11 пирӯзӣ, 1 бохт ва 1 мусовӣ расонд.
Ин пирӯзӣ барои варзишгари тоҷик пас аз натиҷаҳои номусоиди қаблӣ муҳим арзёбӣ мешавад ва метавонад мавқеи ӯро дар мусобиқаҳои MMA-и Осиё мустаҳкам созад.