Ҳунарпешаи амрикоии белгиятабор Жан Клод Ван-Дамм шиносномаи дипломатии Ҷумҳурии демократии Конгоро гирифт. Дар ин бора хабаргузории Actualite хабар медиҳад.
Ван-Дамм тавзеҳ дод, ки вазифаи ӯ ба ҳайси сафир пуштибонӣ аз муҳити зист ва олами ҳайвоноти ваҳшӣ ва ҳамчунин мусоидат ба сармоягузории хориҷӣ, бахусус кишоварзии кишвар хоҳад буд.
Чуноне ки худи ӯ мегӯяд: «Ман фаҳмидам, ки пеш аз ҳама ба кишвар сулҳу субот лозим аст. Ҳоло ба сиёсат даст намезанам. Ман аллакай аз президент ва атрофиёнаш маълумоти зиёде гирифтам…”.
Ӯ ваъда дод, ки ҳамкорони худ Силвестер Сталоне, Арнолд Швартсенеггер ва Ҷекки Чан, инчунин ситораҳои шоу-бизнес ва варзишро ташвиқ медиҳад, ки ба Конго биёянд, то боварӣ ҳосил кунанд, ки ингуна сафарҳо бехатаранд.