Яке аз маҳсулоти асосие аз Қазоқистон ба Тоҷикистон содирот мешавад, орд аст ва дар баробари ин, гази мое, маҳсулоти нафтӣ мебошад. Аз ҷониби Тоҷикистон бошад, бештар меваю сабзавот, ки тамъи лазизу нотакрор доранд, ба кишвари мо содирот мегардад.
Валихан Турехонов, сафири тозатаъини Қазоқистон дар Тоҷикситон дар вохӯрӣ бо рӯзноманигорони ватанӣ ин нуқтаро қайд кард. Валихон Турехонов ба як қатор масъалаҳои мубрам, аз ҷумла вазъи иқтисоди ду кишвар, воридоту содироти маҳсулот изҳори назар намуд.
Сафир дар ин вохӯрӣ дар бораи нақшаҳои ҳамкории ду кишвари ба ҳам дӯст суханронӣ карда, қайд кард, ки “Дар ояндаи наздик як қатор нақшаҳоро, дар самти маҳсулоти нафтӣ, барқ, корхонаи бофандагӣ (Текстил), корхонаи истеҳсоли мошинҳои кишоварзӣ роҳандозӣ намудем, ки мехоҳем дар якҷоягӣ сиёсати тиҷоратиро мустаҳкам намуда, ба ин васила ҷойҳои кориро муҳайё созем”, гуфт Валихон Турехонов, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон.
Ӯ ҳамчунин аз кумакҳои башардӯстодаи Қазоқистон ба Афғонистон низ гуфта гузаштанд. “Қазоқистон ба Афғонистон ҳамчун кумаки башардӯстона асосан гандум содирот мекунад. Дар самти маориф бошад, бо ҷалб кардани занону духтарони афғон ба таъсил ва фаро гирифтани онҳо ба мактабҳои олии ҷумҳури Қазоқистон лоиҳаҳои зиёд роҳандозӣ шудаву амал мекунад, гуфт сафир.
Валихон Турехонов дар охири вохӯрӣ аз ҳамкорӣ бо ВАО-и тоҷик изҳори минтадорӣ намуд.