Ҳашт сол пеш дар ноҳияи Вахш деҳаи Итифоқ дунёд гашт. Деҳаи навбунёд то ин муддат 820 хоҷагиро дар оғӯши худ ҷой дод. Аммо...
Сокинони деҳа аз набудани оби ошомиданӣ азият мекашанд. Бо вуҷуди ин ноқилҳои барқи ба дараҷае кӯҳна ва корношоям шудаанд.
Мушкилоти асосие, ки шаб хоби сокинонро парондаасту рӯз хотирашонро парешон гардондааст-ин набудани мактаб дар деҳа аст. Кӯдакони ночори деҳаи Иттифоқ дар рӯзҳои барф лағжону ғалтон ва дар айёми боронӣ тап-тару бо сад азобу машаққат ба дарс мераванд. Аз ҳама бештар дар фасли зимистон душворӣ мекашанд, чун рӯзҳо кӯтоҳ мешаванду офтоб дер мебарояд ва ҳаво зуд торик мешавад.
Яке аз сокинони деҳа, Сафарбек Хоҷаибрагимов мегӯяд, ки: “дар рӯзҳои барфу боронӣ маҷбур мешавем, ки ба мактаби ҳамсоядеҳа дафтани фарзандонамон монеа шавем, чунки борҳо дар зери барфу борон мондани онҳо ба он оварда расонд, ки кӯдаконамон бемор шуданд ”
"Ҳангоми борон фарзандонамон ба мактаб рафта наметавонанд. Агар раванд либоси онҳо тар мешаванд, шояд бемор низ шаванд. Аз ҳамин сабаб ба муаллимаҳо муроҷиат кардем, ки рӯзҳои барфу борони нараванд. Муассисаҳои мо 4-км дур аст,ки бо рафту омад 8-км мешавад. Фарзандони мо хело бисёр азият мекашад,"- мегӯяд Сафарбек Хоҷаибрагимов, скоини деҳа.
Аз сабаби дур будани муассиса, аксари волидайн духтарони худро ба таҳсил роҳ намедиҳанд, бархе дар мактабҳои дурдаст то синфи нӯҳ таҳсил менамоянду халос. Дар н байн духтароне ҳастанд, ки тамоман таҳсил накардаанд.
Яке аз сокинони деҳа мегӯяд, ки “Ман духтарамро нагузоштам, ки таҳсил намояд. Сабаби садди роҳи таҳсили фарзандам шудан дар он аст, ки роҳ дур аст, хавфи зери чарх мондани кӯдак аз эҳтимол дур нест. Ҳамчунин, дар роҳи дур рафту омад намудан духтар хатарнок аст. Кӣ медонад дар роҳ бо ӯ чӣ рух медиҳад? Писаронам таҳсил мекунанд. Аммо дар рӯзҳои хунукӣ онҳо низ ба таҳсил рафта наметавонанд”.
Сокинони деҳа гуфтанд, ки ба мақомот якчанд маротиба муроҷиат кардаанд. Вале, то ҳол касе ба доди онҳо нарасидааст.