Салом ба кулли муштариёни сомонаи Оила.ТЧ!
Мехоҳам дар бораи як дӯсти наздикам ба шумо қисса кунам, то хатои худро дарк карда, бо маслиҳати хонандагони ин нашрия аз роҳи хато баргардад. Ин дӯсти ман, аниқтараш дугонаи ҷониам Зайнаб ном дорад ва бисёр зани зебои меҳрубону ҳунарманд,аммо зудбовар аст. Бахташ омад накарда хонавайрон шуд. Баъди аз шавҳараш расман ҷудо шудан тариқи Одноклассник бо як марди оиладоре, ки дар Русия муҳоҷир будааст, шинос мешавад. Он мард зан ва чанд фарзанд дорад, вале ба дугонаам гуфтааст, ки чиптаи ҳавопаймо харида, наздам биё, ман туро дар ин ҷо пинҳонӣ аз хешу табор ва аҳли хонаводаам никоҳ карда мегирам. Харидораш ба дугонаам пул равон кардааст ва ӯ дар тардуди чиптахарӣ аст. Чанд бор гуфтам, ки ин корро накун, охир вай мардак зану фарзанд доштааст, дар пояи бадбахтии дигарон қасри бахт сохта намешавда, вале дугнаам якравӣ карда “мо дар Россия никоҳ мекунем, занаш аз куҷо мефаҳмад” гӯён, ба ишқи ҳамин марди булҳавас афтодааст. Онҳо танҳо тариқи телефон гап мезананд ва дар асл ҳамдигарро хуб намешиносанд. Метарсам, ки дугонаам дубора хонавайрон шуда, аз зиндагӣ тамоман дилшикаста нашавад, аз ҳамин сарнавишти ӯро нақл кардам то ки андешаҳои шуморо дар ин бора бидонам. Дар охир як шеъри хеле пурмаъноро дар ҳамин мавзуъ барои гдугонаам ва дигар занҳое, ки ба доми ишқи мардони зандор меафтанд, оварданиям:
Ёри мардум
Азизаш дорӣ гар чун нони гандум,
Вафодорӣ надорад ёри мардум.
Ба пешат лаҳзае ӯ меҳрабон аст,
Барои ӯ макун, эй зан, дилат гум!!
Агар бар дидаҳо сози ту ҷояш,
Надори гар дареғ ҷонро барояш.
Нагардад ошно бегонахотир,
Ниҳад охир дилатро зери пояш.
Нагардад ҳеҷ гаҳ ёри вафодор,
Ки ишқи ӯ ба ту ранҷ асту озор.
Ҳамеша бистари ту сарду холист,
Варо дигар бувад гармии бозор.
Нагири ҳеҷ гаҳҷои зани ӯ,
Машав монеь барои рафтани ӯ.
Макун умеди ишқу меҳрабонӣ,
Ту бегоналибоси бар тани ӯ.
Варо бояд, ки рӯзе ту супорӣ,
Агарчи меҳри беандоза дорӣ.
Бидон, эй зан, вай охир моли мардум,
Худатро менакуш бо интизорӣ!!!
Бирав аз ӯ ту ҳоло, ки ҷавонӣ,
Дар охир тоқаву танҳо бимонӣ.
Мабанд умеди бахт бо ёри мардум,
Вай охир меравад, танҳо бимонӣ.