Sebiston new 2024 october
Вафо Аюбӣ милисаро заду боздошт шуд
6951

 

Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб писари овозхони маъруф Зафар Аюбӣ (машҳур бо тахаллуси Зафарча) сарояндаи ҷавон Вафо Аюбиро бо гумони "зӯроварӣ нисбат ба намояндаи милиса" боздошт кардааст. Айни ҳол, Вафо дар милисахона аст ва парвандаашро Прокуратураи шаҳри Кӯлоб тафтиш дорад. 

Ба гуфтаи “Радиои Озодӣ” Вафоро рӯзи 17-уми апрел дастгир кардаанд. "Вай дар хонаашон ҷанҷол бардоштааст. Падараш Зафар Аюбӣ ба мақомот занг зада, хоҳиш кардааст, ки рафта ӯро ором кунанд. Вақте кормандони милиса ба хона медароянд, Вафо муқобилият нишон дода, бо “атверка” корманди милиса Комрон Шарифзодаро зада, захмӣ кардааст", - хабар дод манбаъ.

Вафо айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии шуъбаи милисаи шаҳри Кӯлоб нигоҳдорӣ мешавад. “Радиои Озодӣ” дар такя ба шуъбаи милитсияи шаҳри Кӯлоб навиштааст, ки “мақомот бар зидди ӯ бо қисми дуи моддаи 328 - и Кодекси ҷиноятӣ (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) парванда кушодаанд. Бо ин банди қонун ба Вафо аз ду то панҷ соли маҳрум шудан аз озодӣ таҳдид мекунад.


Зани Зафарча: Бачаҳои маро "подстава" карданд


Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли 2019 ШВКД дар шаҳри Кӯлоб алайҳи Вафо Аюбӣ бо гуноҳи авбошӣ парванда кушода буд. Он вақт сароянда дар захмӣ кардани нозири коргарони бинои сохтмонаш он вақт нотамоми маркази “Баҳор” Нуриддин Набиеви 40-сола гунаҳкор дониста мешуд.

Дар он вақт сарояндаро дар асоси моддаи 237-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон айбдор карданд. Ин банди қонун Вафоро бо пардохти аз 27 ҳазор то 55 ҳазор сомонӣ ҷарима аз ҷавобгарӣ халос мекард, ё то ду соли ҳукми зиндон ӯро интизор буд, аммо бо гузашти чанд вақт ӯро озод карданд.

Бояд гуфт, ки Вафо 37 сол дорад ва дар чорабиниҳои калон ҳамроҳи падараш сурудхонӣ мекунад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД