Футболбози ҷавон аз хурдӣ ба ин намуди варзиш машғул буда, ҳанӯз аз синни 16-солагӣ шарафи дастаи «Барқчӣ» ва наврасони то 16-солаи мунтахаби кишварро ҳимоя мекард.
Ваҳдат Ҳаннонов 6-уми майи соли 2018, дар даври 2-юми Лигаи Олӣ аввалин голи худро ба дарвозаи «Истиқлол» дар дақиқаи 64-уми бозӣ зада, ҳисоби бозиро 2:1 кард. Мутаассифона ин гол натавонист тими «Барқчӣ»-ро аз мағлубият раҳонад.
Ҳамин тавр, дар даври 9-уми Лигаи Олӣ «Барқчӣ» бо тими «Хатлон» вориди майдон шуданд. Ягона голи ин бозиро дар дақиқаи 72-юм маҳз Ваҳдат Ҳаннонов зада, пирӯзии тими худро дар мавсими 2018 таъмин намуд.
Соли 2019 Ваҳдат Ҳаннонов ба дастаи КМВА «Помир» гузашт ва 9-уми майи ҳамон сол дар ҳайати КМВА «Помир» ба майдон баромада, голи ягонаи дастаашро ба дарвозаи «Истиқлол» зад.
Солҳои 2020-2021 Ваҳдат Ҳаннонов дар дастаи «Истиқлол» бозӣ карда, “Беҳтарин ҳимоятгари сол дар Лигаи Олӣ” эълон карда мешавад.
Ҳамин тавр, соли 2021 Ваҳдат Ҳаннонов ҳамчун ҳимоятгари марказӣ ба дастаи«Персеполис»-и Эрон гузашта, то ҳол шарафи дастаро ҳимоя мекунад. Соли 2023 Ваҳдат Ҳаннонов дар ҳайати «Персеполис» қаҳрамони Эрон шуд. Дар ҳайати «Персеполис» ӯ ба задани як гол ва як партофти головар муваффақ гашт.
Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати Осиё-2023 Ҳаннонов яке аз беҳтарин футболобози ҷавон буд, ки дар бозӣ бо тими Арабистони Саудӣ аввалин шуда ҳисобро кушод ва мунтахаби Тоҷикистон ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.