Ҷанҷоли оилавӣ боиси кушор гашт
Хушунату зӯроварӣ алайҳи занону духтарон ба дарди бедавои ҷомеаи мо табдил ёфтааст. Агар қаблан занони тоҷик аз шавҳар мушту лагад мехӯрданд, солҳои охир бадбахтона корду табар низ мехӯранд. Инак, боз як зани ҷавону зебои тоҷик, ки бо умеди хушбахтӣ хизмати шавҳар мекард, бо дасти ҳамсараш ба таври ваҳшиёна кушта шуд...
Вазорати умури дохилии кишвар аз содир шудани як ҷинояти куштор дар шаҳри Ваҳдат хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, як сокини 40-солаи шаҳри Ваҳдат бо сабаби муноқишаи оилавӣ бо корд ба зани 32-солааш ҳамла намуда, ҳамсарашро ду корд задааст. Дар натиҷа зан ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шуд, вале табибон натавонистанд ҷони ҷавонзани ормониро аз панҷаи марг наҷот диҳанд.
Ин ҳодисаи хунин рӯзи 24-уми июн сар зада, зану шавҳар дар манзили зисташон ҷанҷол кардаанд. Дар рафти муноқишаи оилавӣ мард ба зани 32-солааш бо корд ҳамла намуда, ду маротиба ба қафаси сина ва қитфи чапи корд задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Айни замон марди занкуш аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуда, тафтишот аз рӯйи ин ҳодиса идома дорад.