Ҷузъиёти сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон” шарҳ дода шуд
08.12.2025
Oila.tj
233

Хадамоти оташнишонии ВКД хабар дод, ки субҳи 6-уми декабр дар мағозаҳои тиҷоратии воқеъ дар кӯчаи Крупскойи ноҳияи Фирдавсӣ сӯхтор ба амал омадааст. Ба иттилои манбаъ, гурӯҳҳои оташнишонӣ соати 08:21 ба ҷойи ҳодиса расидаанд.

Мақомот мегӯянд, алангаи оташ масоҳати тақрибан 180 метри мураббаъро дар мағозаҳои фурӯши қолин, курпаворӣ ва кошонаи ҳусн фаро гирифтааст. Хатар аз паҳншавии оташ ба дигар қисматҳои бозор низ вуҷуд доштааст. Оташнишонҳо сӯхторро то соати 10:33 пурра хомӯш кардаанд.

Хадамоти оташнишонӣ сабабҳои сар задани сӯхтор ва ҳаҷми зарари расидаро ҳанӯз эълон накардааст.

Дар наворҳои шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки оташ мағозаҳои воқеъ дар оғози бозори “Корвон”-ро фаро гирифтааст. Дар байни зарардидагон дӯкони либоси арӯсии блогер Манижаи Умедулло низ мебошад. Ӯ гуфтааст, ки дар ин ҳодиса заҳмати ҳаштсолаи кораш нобуд шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД