Рӯзи 10 –уми ноябри соли равон дар ҷараёни тӯйи арӯсию домодӣ навхонадорон якбора ба сӯи ҳаво тир паронданд.
Ба баёни полиси Москва, садои ногаҳонии тир сокинонро сахт тарсондааст, зеро онҳо дар рӯзи равшан ва назди боғчаи бачаҳо тирпарронӣ кардаанд.
Маълум шуд, ки навхонадорон муҳоҷирони тоҷик буда, тасмим гирифтаанд, ки тӯи арӯсии худро ҳамин тавр ҷашн бигиранд. “Пайк” ҷузъиёти ин ҳодисаро аз забони яке аз меҳмони тӯй, ки аз ҷониби домод будааст, нашр кардааст.
Ба нигоштаи нашрия, навхонадорон пас аз баромадан аз бинои хонаи ақди никоҳ дар роҳ ба сӯи тарабхона тир холӣ кардаанд.
Дар наворҳои видеоие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудаанд, ҳангоми наворбардорӣ доду фарёди одамоне ба гӯш мерасад, ки ин садоҳо барои онҳо комилан ногаҳонӣ будааст. Дар яке аз наворҳо арӯси дар тан либоси сафед ва сарпӯши мусалмонӣ дида мешавад, ки ба ҳаво тир мепаронад.
Ба баёни шоҳидон, арӯс дар Пушкино зиндагӣ мекардааст, бинои хонаи ақди никоҳ бошад, дар Щелково буда, зиёфат дар як тарабхона дар Митиши будааст.
Домод ва дӯстонаш тақрибан соатҳои 11-и рӯз барои бурдани арӯс ба хонаашон рафтаанд ва пас аз соати 13:00 аз идораи САҲШ баромада, соати 17:00 вориди тӯйхона шудаанд.
Дар ин тӯй тақрибан 60 нафар меҳмонон иштирок доштанд, ки аксарияташон кӯдакон буданд.
Як хеши домод, ки дар тӯй меҳмон буд, гуфтааст, ки маҳз ӯ ба полис занг зада, онҳоро аз ин ҳодиса хабардор кардааст.
“Арӯсу домод аз якчанд таппонча, ки истифода нашуда буданд, баъди баромадан аз хонаи ақди никоҳ дар роҳ ба сӯи тӯйхона тир холӣ карданд. Вақте ки тирпарронӣ карданд, дар рӯ ба рӯи кӯдакистон буд. На танҳо ман ба пулис занг задам, балки мураббиёни боғчаи бачагона ва сокинони маҳаллӣ ҳам занг заданд. Навхонадорон 23 сол доранд ва аз Тоҷикистон омадаанд”, - нақл кардааст ӯ.
Ба баёни ин шахс, баъди ин кормандони полис ба тӯйхона омада, санад тартиб додаанд ва бо гузашти чанд рӯз се нафр (аз 21 то 23 сола), аз ҷумла домоди нав боздошт шуданд.
Ба иттилои Татяна Петрова, сардори Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия дар вилояти Маскав, маъмурони пулис дар ноҳияи Пушкино шаҳрвандонро барои тирпаронии ғайриқонунӣ боздошт кардаанд.
Дар наворҳои видеоие, ки пулис паҳн кардааст, муҳоҷирони тоҷик ба гуноҳи худ иқрор шуда, аз аъмоли худ пушаймонӣ изҳор менамоянд. Домод ҳам ба гуноҳаш иқрор мешавад.
Алайҳи навхонадорон ва ду меҳмон барои авбошӣ бо қисми 2 –и моддаи 213- Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин банди қонун ҷавобгарии ҷиноиро дар шакли маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати 7 сол ё ҷарима ба андозаи ним миллион рубл пешбинӣ менамояд.
Полис чанд нафари дигар, аз ҷумла арӯсу меҳмононро ҳам боздошт кардааст, аммо се нафари онҳо( аз ҷумла домод) ҳамчун гунакҳор ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, 7 дастгиршудаи дигар, аз ҷумла арӯс ҳамчун шоҳид гузаштаанд.
Ҳуқуқшинос ва адвокат Константин Трапаидзе таъкид кардааст, ки набояд домоду шоҳмардонро барои чунин намоиши шодиашон дар рӯзи тӯй зиндон кунанд, вале ба онҳо ҷаримаи ҳангуфт ба маблағи аз ним то як миллион рубл таҳдид менамояд.