Дирӯз намояндагони ду ниҳоди баландқудрат дар Тоҷикистон дар майдони Академияи Ювентус аз рӯи варзиши сабук қувваозмоӣ карданд ва бо ҳисоби баробар бозӣ ҷамъбаст гардид.
Бахшида ба 30-юмин солгарди муносибатҳои дипломатии ду кишвар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи варзиши сабук -футбол мусобиқа баргузор гашт. Дар ин қувваозмоӣ намояндагони ду ниҳод сафорати Арабистони Саудӣ ва Вазорати корҳои хориҷӣ бо ҳам дар рақобат буданд.
Бозӣ миёни ду даста хеле шавқовар гузашта, Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон, сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Душанбе дар дақиқаҳои аввали мусобиқа ду гол ба дастаи ҳариф зад.
Футбол бо ҳисоби 5:5 ба анҷом расида, дар маросими ҷоизасупорӣ Сафири Алимирзамин Гаввам оглу Асгаров ба ҳарду даста медал ва ҷоиза тақдим кард.
Имсол аз муносибатҳои дипломатии ду кишвар Шоҳигари Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ гашт. Бо ин мақсад Сафорати Арабистон дар Тоҷикистон чорабиниҳои фарҳангӣ, вохӯриҳо бо донишҷӯёни донишгоҳҳои кишвар ва дигар ташаббусҳоро баргузор намуд.