Arzon march 2024
ҲУҚУҚИ МУҲОҶИР ДАР ДАСТИ КОРФАРМОСТ Ё...?
1070
ҲУҚУҚИ МУҲОҶИР ДАР ДАСТИ КОРФАРМОСТ Ё...?


Мо дар оила 3 писару 2 духтар ва ман фарзанди сеюми хонаводаамон ҳастам. Пештар зиндагии хуб доштем, падарам дар назди хонаамон мағозаи хӯрокворӣ кушода буд ва мо, писарон ҳамеша дар кори савдо ба ӯ ёрӣ мерасонидем.

Се сол пеш падарам ба сактаи мағзӣ гирифтор шуда, ба кома афтид. Табибон бо сад азоб ҷони падарамро аз марг наҷот дода бошанд ҳам, маъюб-инвалид шуда монд. Азбаски мо хату саводи хуб надоштему аз ӯҳдаи ҳисобу китоби молу маҳсулот ба хубӣ намебаромадем, баъди маъюб шудани падарам мағозаамон “бонкрот” шуда, аз як луқма нони даҳонамон мондем. Амакбачаҳои модарам дар Россия кор мекарданд ва модарам аз онҳо хоҳиш кард, ки барои ман ягон кори муносиб ёбанд. Онҳо “парво накунед амма, барои Сафар кори зӯру сердаромад меёбем” гуфта ваъдаҳои осмонӣ доданд ва баъди чанд рӯз занг зада гуфтанд, ки метавонанд маро ҳамроҳи худашон ба кор бигиранд. Пурсидам, ки чи кор будааст, дар ҷавоб гуфтанд, ки дар сохтмон кор мекунию ҳар моҳ 60 ҳазор рубли русӣ мегирӣ. Дағдаға карданд, ки қариб ҳама корро техника мекунад ва кори ман чандон мушкил нест, вале…

Сафар аз ҷумлаи мардони тоҷик аст, ки баъди муфлис шудани мағозаашон бе ҷои кор ва даромад монду ба хотири дарёфти қутти лоямут бо тавсияи амакбачаҳои модараш ба муҳоҷират рафт, аммо он нияте, ки дар Тоҷикистон дошт, натанҳо ҷомаи амал напушид, балки амакбачаи модараш ӯро мисли ғулом кор фармуда музди меҳнаташро надоданд ва ҳатто лату кӯбаш кардаанд.

Сафар ягона тоҷике нест, ки дар мулки ғурбат бо чунин азобҳо рӯ ба рӯ гаштааст, аксари муҳоҷирони мо аз надонистани ҳуқуқҳои хеш дар муҳоҷират ба ғуломии меҳнатӣ меафтад.

Ҳуқуқи муҳоҷир дар дасти кист: корфармо ё худи муҳоҷир?

Шиносномаатонро дар Русия аз дастатон гирифтанд, чи бояд кард?

Дар кадом ҳолатҳо корфармо ҳуқуқ дорад, ки шиносномаи муҳоҷири меҳнатиро бигирад?

Чаро муҳоҷиронро ҳамчун ғулом истифода бурда, ҳуқуқҳояшонро поймол мекунанд?

Дар барномаи навбатии “Муҳоҷирати бехатар” Фирдавс Сайфиддинов, корманди Хадамоти муҳоҷират ва Суҳроб Тошев, коршиноси масоили муҳоҷират ба ин саволҳо ҷавоби дақиқ гуфта, роҳҳои пешгирии афтодан ба ғуломӣ ва ҳалли дигар мушкилиҳои муҳоҷиратро ба муҳоҷирон мефаҳмонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД