Formula novemver 2024
“Утюжок” ба мӯй зарар дорад?
1237


Имрӯз бонувони зиёде аз паси мӯд давида, мехоњанд мӯйҳои фатилаву ҷингилаашонро бо асбобҳои гуногуни барқӣ ҳамвор созанд.

Дар ҳақиқат мўйи ҳамвору ҷиллонок ба назар ҷолиб менамояд, вале ҳамвор сохтани мӯй кори осон нест. Аксарияти духтарон аз ҳамворкунаки барқӣ (утюжок) истифода бурда, бехабар аз онанд, ки «утюжок» мӯйҳоро хушку бељон месозад. Дилатон ба кокулонатон месӯхта бошад, барои ҳамвор сохтани мӯятон воситаҳои дигарро истифода баред.


Воситаҳои халқии ҳамвор кардани мӯй

Қабл аз ҳама мўятонро бо шампуни ѓизобахш шуста, баъдан балзами нармкунанда молед. Ба ҷойи утюжок воситаҳои халқиро истифода бурда, мӯйро ҳамвор кардан мумкин аст. Яке аз чунин воситаҳо оби љав мебошад. Оби ҷав дар баробари ҳамвор намудани мӯй ҳамчунин решаи мӯйҳоро ғизо медиҳад, аз ҳамин сабаб, аксари ороишгарони касбии мӯй ба љои лак ва мум оби љавро истифода мебаранд. Пас аз саршӯӣ, агар ҳар ҳафта мӯйҳоятонро бо оби ҷав обгардон кунед, соҳиби кокулони зебои ҳамвор ва пурҷило хоҳед гашт.

Равғанро фаромӯш накунед!

Воситаи беҳтарини ҳамвор кардан ва ғафсу солим сохтани мўй ниқобҳои табиӣ аз равған мебошанд. Ба сифати ниқоб равғани мушхор, зайтун ё беданҷир (касторовое)-ро истифода бурдан мумкин аст. Яке аз ин равғанҳоро баъди саршӯӣ ба мӯйҳоятон молида, саратонро бо сачоқи гарм печонед ва ним соат ё як соат нигоҳ доред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД