Sebiston new 2024 october
Қутбиддин Мухторӣ устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар сини 54 солагӣ аз олам даргузашт.
473

 

Ба аҳли факултети журналистикаи ДМТ, мусибат вазнин расид. Шоми имрӯз устоди кафедраи матбуоти факултети журналистикаи ДМТ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Қутбиддин Мухторӣ дар синни 54 - солагӣ ҷонро ба Ҳақ таслим намуданд.

Аз марги бармаҳали устод, Мухторӣ, ки ҷони одам буданд, қалби ёру дӯстон ва мо ҳамкорон хунчакону дидаҳо гирён шуд.

Ҳақ аст, ки "Зиндагӣ омад барои бандагӣ" аст ва мо ҳатман рӯзе аз ин дунёи фонӣ меравем. Аммо барои устоду ҳамкори азизи мо рафтан ҳанӯз барвақт буд. Дар айни камоли умр буданду ба ҷомеа бояд хизмат мекарданд.
Аммо, дареғу сад дареғ.

Илоҳо мавриди раҳмати Парвардигор қарор гиреду қабратон боғе аз боғҳои Ҷаннат бошад, устоди азиз!

Ба хонавода ва пайвандони устод Қутбиддин Мухторӣ аз номи сомонаи Оила арзи тасаллият намуда, барояшон сабри ҷамил мехоҳем!

Ин умр ба абри навбаҳорон монад,
Ин дида ба сели кӯҳсорон монад.
Эй дӯст чунон бизӣ, ки баъд аз мурдан,
Ангӯшт газидане ба ёрон монад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД