formula feb 2025
Усулҳои табобати халқии буғумдард
23.02.2025
Oila.tj
588

Чанд сол боз ба бемории буғумдард гирифторам. Бо сард шудани ҳаво дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон аҳволам тамоман бад мешавад. Тамоми дорую дармони фармудаи духтурро гирифтам, аммо фоида накард. Аз як зани ҳамсоя шунидам, ки табиби машҳури мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ ҳама гуна бемориҳоро табобат мекардааст ва ҳам ба беморон маслиҳатҳои муфид медиҳад. Аз ҳамин хотир, ман ҳам бо умед ба шумо муроҷиат кардам, ки шояд ин табиби донишманд роҳи дармони дардамро мегӯяд.

Латофат НАЗАРОВА, аз ноҳияи Рӯдакӣ

Посухи Садриддиншоҳ Ҷалолӣ:

- Хоҳари азиз! Усулҳои табобати банду буғумҳо дар тибби суннатӣ хеле зиёданд ва мо онҳоро дар таҷриба борҳо санҷида, ба дарди садҳо нафар беморон шифо бахшидаем. Ман танҳо 3-4 роҳи соддаю осони табобатро ба шумо мефаҳмонам, то дарди банду буғумҳоятон камтар шуда, азият накашед. Барои табобати пурра ба мо, ё табибони дигаре, ки бо мушкили буғумҳо машғуланд, муроҷиат карданатон лозим меояд.

Давои аввал

Решаи газна, решаи зелол, сумбул-ат-тиб (валериана) ва меваи арчаро ба андозаи баробар бигиред, ин як таркиб мешавад. Таркиби дигарро аз гиёҳҳои бӯймодарони маҳинбарг, пӯдинаи боғӣ, бобуна ва шутурхор омода кардан лозим аст. 4 қошуқ гиёҳро аз таркиби аввал дар як литр об 10-15 дақиқа ҷӯшонда, баъд зарфро аз болои оташ гиред ва ба он аз таркиби дуюм 2-3 қошуқ гиёҳ андохта, даҳони зарфро маҳкам кунед. Тақрибан ду соат пас метавонед гиёҳоби ҳосилшударо полонед ва соф карда, истифода баред. Аз ин даво рӯзе 3 маротиба 30-граммӣ нӯшидан лозим аст.

Давои дигар

Шираи решаи каҳзак (хрен) - 10 грамм, йод - 1 грамм. Ҳардуро омехта карда, рӯзе ду маротиба ба андозаи як қошуқи чойхӯрӣ баъди хӯрок истеъмол намоед.

Давои сеюм

Гиёҳи зарришқаро бо 200 грамм сиркои ангурӣ ва 200 грамм об якҷоя муддати 5 дақиқа ҷӯшонед. Докаи чорқабатаро дар ин гиёҳоб тар карда, ба ҷойҳои дардманд гузоред. Ин даво натанҳо буғумдард, балки касалии ниқрисро ҳам шифо мебахшад.

Давои чорум

30 грамм барги ғорро майда карда, дар 200 грамм равғани офтобпараст андозед ва муддати ду ҳафта дар ягон ҷойи торик нигоҳ доред, пасон соф карда, ҳар шаб ин даворо ба ҷойҳои дардманд молед.

Гармобаи шифобахш

Касоне, ки банду буғумҳояшон дарманданд, бояд аз гармоба (ваночка) истифода баранд. Шабона, пеш аз хоб як миқдор барги чормағзро дар як литр об каме ҷӯшонед ва ба зарфе гирифта, пойҳоятонро гармогарм дар он нигоҳ доред. Фақат эҳтиёт шавед, ки об аз ҳад сӯзон набошад.

Саломат бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД