Ҳар як бону новобаста ба фаслҳои сол мехоҳад ҳамеша зебову дилрабо бошад. Аммо дар зимистон амалисозии чунин ҳадаф қариб ки ғайриимкон аст. Бяд гуфт, ки баъзе муолиҷаҳои косметологӣ маҳз дар зимистон гузаронда мешаванд, чун дар тобистон зери таъсири шуои сӯзони офтоб чунин муолиҷаҳо бенатиҷа мемонанд. Шуои офтоб боиси пайдоиши доғҳои рӯй гашта, баъди муолиҷаи тазриқӣ (тавассути сӯзандору) дар рӯй осори захму пай боқӣ мемонад. Муолиҷаҳое, ки дар зимистон мегузаронанд, инҳоянд:
Пиллинг
Ин усули косметологӣ барои раҳо ёфтан аз чанд камбудии пӯст муфид аст, амсоли пӯстканӣ, пайдоиши доғҳо, пиршавӣ, дамидани гармичаҳо ва сӯрохиҳои васеъшудаи пӯсти рӯй. Биоревитализатсия Тариқи сӯзандору ба зери пӯст такроран кислотаи гиалуронӣ ворид менамоянд, ки ба пӯст рутубат бахшида, ожангҳои имоиро бартараф ва тобиши рӯйро беҳтар мегардонад.
Мезотерапия
Ба зери пӯст такроран воридкунонии доруҳои махсус (мезококтейлҳо), ки аз маҷмуи витаминҳо, шираи растаниҳо, микроэлементҳо ва дигар ҷузъҳои муфид иборатанд. Ҳадафи муолиҷа: ғизодиҳӣ ва рутубатбахшии пӯст, барқарорсозии умумии он ва пешгирии тағйироти синнусолӣ мебошад.
Суфтасозии лазерии рӯй
Муолиҷаи мазкур бо дастгоҳ ба роҳ монда шуда, тозакунии амиқи рӯй тариқи лазер сурат мегирад. Он ҷараёни назоратшавандаи харобсозии пӯст буда, ба таҷдиди фаъол ва тозашавии пӯст меорад, синтези коллаген ва эластини худиро вусъат бахшида, нуқсони намоёни рӯйро бартараф месозад.
Суфтасозии алмосии рӯй
Усули механикии суфтасозии пӯст буда, аз пиллингҳои химиявӣ ва кислотавӣ дида, таъсирбахш аст. Усули мазкур фаъолияти бофтаҳо ва ҳуҷайраҳои қабатҳои зери пӯстро беҳтар гардонда, ба эҳёшавии пӯсти нав, беҳтаргардии ҳолати умумии он, ҷавоншавӣ ва рангу тобиши солими рӯй мусоидат менамояд. Беҳтар он аст, ки чунин усулҳои муолиҷавиро ҳамроҳ бо усулҳои нигоҳубин – поксозӣ ва ниқобҳо барои рӯй ба роҳ монда шаванд. Ба ин роҳ таъсирбахшии он беҳтар гардида, пӯсти солиму зебо муҷиби хушбахтиву болидаруҳии бонувон мегардад.