arzon replenishment
Усулҳои халқии пешгирии арақкунӣ
07.09.2024
ОИЛА.ТҶ
620

Растаниҳои табобатӣ барои рафъ намудани бӯйи нохуши арақи бадан таъсири олиҷаноб мерасонанд. Аз ҷумла булут (кора дуба) ё календула арақи баданро ба зудӣ хушк мекунад.

1 қошуқ решаи дарахти булутро дар як стакон оби ҷӯшида, дар болои оташи паст 15 дақиқа ҷӯшонед ва баъди хунук шуданаш бо ин об ҷойҳои арақмекардаи пӯстатонро тоза кунед. Барои дар чунин гиёҳоб нигоҳ доштани пойҳо 3 қошуқ пӯсти дарахти булутро ба зарфе андозед ва аз болояш оби ҷӯшида рехта, монед тақрибан як соат истад, баъдан обро полонида, пойҳоятонро 15-20 дақиқа дар он нигоҳ доред.

2 қошуқ гулҳои хушки календуларо дар 1 л оби ҷӯшидагӣ камтар ҷӯшонед, сипас аз дока полонда, поятонро дар ин об нигоҳ доред.

Баъзе намудҳои маҳсулот арақкуниро кам ва бӯйи нохушро рафъ месозанд, аз ҷумла, сиркои себин, шарбати лиму ва содаи хӯрока. Миқдори баробари об ва содаро аралаш карда, ба таги каш ва пошнаи пойҳоятон молед.

Шарбати лимӯ пӯстро хушк месозад ва ба микроорганизмҳо имкон намедиҳад, ки афзоиш ёфта, бӯйи нохушро ба вуҷуд биёранд. Шарбати лимӯ барои пӯсти ҳасоси таги каш тавсия дода намешавад, вале барои пошнаи пой айни муддао аст. Дар 1 истакон об 1 қошуқча содаи хӯрока андохта кобед, антиперспиранти табиӣ омода мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД