Arzon march 2024
Усули нави ташхиси бемории сил
502

 

Пӯшида нест, ки аз кӯдакони то даҳсола гирифтани балғам ғайриимкон аст, чунки онҳо балғамро фурӯ бурда, барои муайян кардани беморӣ мушкилиҳоро пеш меоварад.

Қаблан барои ташхиси силро дар кӯдакон гузаронидан, муҳим буд, ки дар онҳо сулфаи сунъӣ ба вуҷуд оварда шавад. Бо пешрафти техникаҳои муосир ин мушкилиҳо зина ба зина ҳалли худро ёфта истодаанд.

Усули якмарҳилагӣ аз ҷумлаи усулҳои навин дар самти тандурстӣ маҳсуб ёфта, танҳо бо озмоиши фазла, бе истифодаи техникаҳои дигар бемории силро муайян мекунанд.

Ҷорӣ намудани ин усули ташхис дар марказҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили шаҳру навоҳии кишвар навгонӣ буда, ин усул имкон медиҳад, ки кӯдакон дар маҳали зисташон бо роҳи осон аз ташхиси бемории сил гузаранд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод.

Дар нишасти охир Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин замина гуфта буд, ки соҳаи зиддисилӣ пайваста бо маводҳои ташхисӣ ва доруҳои зарурии зиддисилӣ ба пуррагӣ таъмин мебошад.

Умринисо Сироҷиддинова, профессори кафедраи физео-пулмонологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар суҳбати қаблӣ гуфта буд, ки хатари гирифтор шудан ба бемории сил ба кӯдаконе таҳдид менамояд, ки дар оилаашон ягон шахси гирифтори ин беморӣ ҳаст. Азбаски системаи муҳофизатии организми кӯдакон нисбат ба калонсолон сусттар аст, онҳо хеле зуд аз ин беморӣ сироят меёбанд.

Бемори сил аз ҷумлаи бемориҳои сироятӣ мебошад, ки аз шахси бемор ба шахси солим сироят мекунад. Сироятшавии кӯдакон низ аз ин беморӣ истисно нест, агар онҳо дар оила бемории сили хориҷкунандаи чубчамикроби бемориро дошта бошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД