Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Теҳрон нахустнамоиши филми бадеии «Моҳӣ дар шаст» баргузор гардид. Ин филм нахустин лоиҳаи муштараки «Довфилм»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва ширкатҳои маъруфи эронии «IFilm» ва «30CUP» мебошад.
Тибқи иттилои дафтари матуботи “Довфилм” дар нахустнамоиши филми “Моҳӣ дар шаст” Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ, раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, раиси Созмони садо ва симои Эрон Паймони Ҷабалӣ, инчунин таҳиягарон ва гурӯҳи эҷодии филм иштирок намуданд.
Коргардон ва таҳиягари филм Муҳиддини Музаффар буда, филмномаро Бахтиёр Каримов навиштааст.
Филм пурра дар пасманзари табиати зебои Тоҷикистон сабт гардида, садобардорӣ, танзим ва оҳангсозии он дар Эрон анҷом дода шуд. Оҳангсози филм яке аз бастакорони маъруфи Ҷумҳурии Исломии Эрон Фардин Халъатбарӣ мебошад. Ораш Қосимӣ — садогузор, Имоди Худобахш — танзимгар, Амири Тоҷик ва Муҳиддини Музаффар таҳиягарони филм мебошанд.
Дар нақшҳои марказӣ Хуршед Мустафоев, Сайёра Сафарӣ, Абдулло Абдураҳимзода, Шаҳло Раҳимӣ, Исфандиёр Ғуломов, Моҳпайкар Ёрова, Асалбек Назриев ва Асланшо Раҳматуллоев ҳунарнамоӣ кардаанд.
Дар филм қиссаи писарбачаи 10-сола бо номи Далер нақл карда мешавад, ки дар мактаб-интернат ба воя расидааст. Ӯ ҳамроҳи Самад, ки ба қиморбозӣ майл дорад, дар вақти таътил ба ҷустуҷӯи модараш мебарояд. Ин сафар аз шимол то ҷануби Тоҷикистон тӯл кашида, қаҳрамононро бо рӯйдодҳои ғайриинтизор рӯ ба рӯ мекунад. Дар ниҳоят, Далер бояд қароре қабул кунад, ки масири зиндагии ӯро дигаргун созад.
Нақши қаҳрамони асосӣ — Далерро Абдулло Абдураҳимзода, хонандаи мактаб-интернати шаҳри Душанбе бозидааст.