arzon replenishment
Ҷустуҷӯи духтарчаи 9-сола идома дорад
703

Ғаввосони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудоифаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд рӯзи 12-уми феврал, дар ҷараёни ҷустуҷӯи духтарчаи 9-сола Сафияхон Раҳматова дар мавзеъи ҷамоати деҳоти Ёва, тахминан як километр поинтар аз пули мошингузари Дӯстӣ ҷасади занеро пайдо кардаанд.

Ҷасади ёфтшуда як зани 30-солаи сокини кӯчаи Раҳмон Набиеви ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будааст, ки қариб ду моҳ боз пайвандонаш ӯро ҷустуҷӯ доштанд. Зан рӯзи 23-уми декабри соли 2023 аз хона баромада, бо ҳамин бе ному нишон гашта буд.

Ёдрас мешавем, ки 3 рӯз қабл низ вақти ҷустуҷӯи духтарчаи ноболиғ ғаввосон ҷасади як зани дигарро пайдо карда буданд. Дертар маълум шуд, ки ӯ сокини кӯчаи Билол, хонаи 47-и ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, 59 сол доштааст. Ин зани солманд рӯзи 21-уми январи соли равон аз хона баромада, дигар барнагаштааст.

Ҳамин тавр ҷустуҷӯи духтарчаи ноболиғ боиси пайдо шудани ҷасади ду зани дигар аз руди Сир гашт.

Ҷустуҷӯи Сафияи 9-сола идома дорад, вале маълум нест, ки духтарак дар об ғарқ шудааст ё ба сабаби ягон ҳодисаи дигар нопадид гаштааст. Пайвандонаш умед доранд, ки Сафия билохира зинда пайдо мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД