Дар шаҳри Душанбе 3 мардро боздошт намудаанд, ки худро усто вонамуд карда, ба хонаи як шаҳрванд даромадаанд ва соҳибхонаро бераҳмона латукӯб карда, пулҳояшро бо истифодаи зӯрӣ кашида гирифтаанд.
Тибқи маълумоти ВКД, се марди қаблан судшуда - Ҳамза Валиев, Саидҷамол Каримов ва Наҷмиддин Шарипов баъди ба озодӣ баромадан ором нагирифта, дубора даст ба ҷиноят задаанд ва ин дафъа барои ҳамлаи авбошона дастгир шудаанд.
Гуфта мешавад, ки ин 3 нафар худро усто вонамуд карда, ба хонаи марди 44-солаи сокини шаҳри Душанбе Маърупова З даромадаанд ва соҳибхонаро бераҳмона латукӯб намуда, пулҳояшро бо роҳи зӯрӣ кашида гирифтаанд. Устоҳои авбош ду телевизори соҳибхонаро низ вайрон карда, дар маҷмуъ ба Маърупов 17 ҳазор сомонӣ зарар расонидаанд. Тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомот идома дорад.