Дар озмуни ҷумҳуриявии “Олими сол” мудири кафедраи гистологияи Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, дотсент Соҳибова З. Н. ғолиб омада, сазовори ҷойи аввал ва ҷоизаи “Олими сол” гардид. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон Заррина Ибодзода иттилоъ дод.
Ректори донишкада аз дастовардҳои устодон ва донишҷӯён дар соли 2025 ҳарф зада, қайд намуд, ки 5 нафар донишҷӯёни донишкада дар Конфронси байналмилалии донишҷӯён ва олимони ҷавон дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол карданд. Аз ҷумла Шарифзода Ҳабибулло, донишҷӯйи курси 5-уми факултети тиббӣ сазовори ҷойи аввал, Маҳинабегим Абдуллоева, Ҳусния Майсиева сазовори ҷойи дуюм, Мамадсаид Шарипов ва Ҷавоҳир Абдуқодиров сазовори ҷойи сеюм гаштанд. Ҳамзамон 8 нафар донишҷӯёни ин донишкада дар даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ширкат варзида, Давлатмоҳ Бобоева, донишҷӯйи курси 2-юм дар номинатсияи “Адабиёти классикӣ” ҷойи дуюмро ишғол намудааст. Донишҷӯйи дигари донишкада Шукрона Сатторова дар номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” сазовори ҷойи сеюм гаштааст.
Дар даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурғӯи маърифат” бошад, Хуҷамёрова Ангелина дар номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” таҳти роҳбарии устоди донишкада Ҷамшедов Ҷ. Н. соҳиби ҷойи аввал гаштааст.