Formula novemver 2024
Усто Ҷаъфар Ҳаитов: Маҳсӣ роҳати ҷон ва кафили саломатии инсон аст
1113

Ҳадаф аз пайваста дар бобати ҳунару ҳунармандӣ гуфтану аз рӯзгори ҳунармандон маводҳои гуногун таҳия кардани мо он аст, ки шавқу рағбати хонандагонро ба омӯхтани ин ё он навъи ҳунар бедор намоем, зеро ҳунар натанҳо қадру манзалати инсонро дар ҷомеа баланд мебардорад, балки барои боло бурдани сатҳи зиндагии шахс низ мусоидат менамояд.

Имрӯз ба шумо аз рӯзгори марде қисса мекунем, ки 35-сол боз бо ҳунари маҳсидӯзӣ рӯзгори худро пеш мебарад.
Қаҳрамони мо Ҷаъфар Ҳаитов ҳамчун устои моҳир ном барвардааст, зеро ин марди меҳнатқарин 35-сол мешавад, ки бо касби маҳсидӯзӣ машғул аст.

Ӯ маҳсиҳои занона, мардона, кӯдакона, ҷорӯбмаҳсӣ ва мӯза медӯзад. Вай ин касбро аз падараш омӯхтааст. Усто хаёлан ба даврони кӯдакию ҷавониаш сафар намуда чунин қисса мекунад:
-Ростӣ, ин касб ба ман аз падарам мерос мондааст. Падарам аз хурдӣ дар назди чанд маҳсидӯз шогирд истода, нозукиҳои касби маҳсидӯзиро омӯхтаанд, баъдан дар ареиле, ки дар назди Қалъаи Муғ мавҷуд буд, фаъолият карда, дар байни мардум ҳамчун устои моҳир ном бароварда буданд...


Маҳсидӯзӣ қадимтарин навъи ҳунари мардумӣ ба ҳисоб меравад. Ин ҳунар дар гузашта дар тамоми манотиқи кишвар хеле хуб тараққӣ карда буд, вале бо мурури замон ҷойи маҳсиро намудҳои нав ба нави пойафзолҳои замонавӣ гирифта, талабот ба маҳсӣ камтар шуд ва ҳамин тавр ин ҳунар ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт. Замоне маҳсиро зану мард ва хурду калон бо майлу иштиёқӣ том мепӯшиданд, вале акнун танҳо мӯйсафедон дар фасли зимистон ва занон дар маъракаи азо маҳсӣ мепӯшанду халос.

Тараққиёти техника дар замони муосир ба авҷи аълояш расида, ҷойи маҳсиҳои дастдӯзро "маҳсиҳои хитоӣ" маҳдуд кардааст, вале тафовут байни ин ду навъи маҳсӣ аз замин то осмон буда, аз нигоҳи сифат куллан аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Қаҳрамони мо Ҷаъфар Ҳаитов бештар аз чарми тозае, ки чармгарон омода мекунанд, маҳсӣ медӯзад. Усто аз чармҳои сунъӣ низ маҳсиву ҷорӯбмаҳсӣ дӯхта, аз чармҳои барои кишоварзон мӯзаҳои махсус медӯзад.
“Аз чармҳои калоне, ки харидорӣ мекунем, то 10 дона маҳсӣ дӯхтан мумкин аст”- мегӯяд усто Ҷаъфар Ҳаитов.

Назар ба гуфти қаҳрамони мо маҳсӣ асосан ду навъ-зимистона ва баҳорона мешавад. Маҳсиҳои баҳорӣ танҳо аз чарм иборатанд, вале бархе дорои соқи дароз буда, бархи дигар соқи кӯтоҳ доранд.

Дар замонҳои қадим падару модарон дар сандуқи ҷиҳози арӯсии духтарашон ҳатман маҳсӣ мегуоштанд, чунки доштани маҳсӣ барои навхонадор ҳатмӣ буд. Имрӯз ҳам ин анъана дар аксари манотиқи кишвар роиҷ аст. Аз ҳамин хотир дар Истаравшани бостонӣ ва дигар шаҳру навоҳии ВилоятиСуғд то ба имрӯз талабот ба маҳсӣ зиёд аст.

“Маҳсиҳои дӯхтаи моро бештар мизоҷон аз шаҳрҳои Хуҷанд ва Панҷакент харидорӣ мекунанд. Талаботи мардум ҳанӯз ба маҳсӣ зиёд аст, зеро дар зимистони қаҳратун маҳсиҳои пашмдор роҳати ҷонанд ва пойҳои одамро аз сармозанӣ эмин нигоҳ медоранд” –мегӯяд қаҳрамони мо.
Усто Ҷаъфар Ҳаитов нозукиҳои ҳунарашро ба 15 нафар ҷавонони ҳунардӯст омӯзонидааст ва аксари шогирдонаш акнун мустақилона фаълият менамоянд. Усто хурсанд аст, ки бо ҳамин васила роҳи 15 ҷавонро ба олами ҳунар боз кард ва аз пушти ҳаимн пеша имрӯз шогирдонаш ризқу рӯзии худ ва аҳли оилаашонро пайдо мекунанд. Мо аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ ба корҳои минбаъдаи Ҷаъфар Ҳаитов барор мехоҳем.
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД