Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо нашри як муроҷиатнома гуфт, ки бинобар сабаби расонаӣ гардидани “Рӯйхати шаҳрвандони назоратшаванда” ҳаракати қаллобон ҷиҳати ба манфиати худ истифода намудани ин ҳолат ва дарёфти маблағи муфт аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ зиёд гардидааст.
Вобаста ба ин, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз тамоми шаҳрвандони кишвар хост, ки ба миёнаравон муроҷиат накарда, танҳо ба намояндаҳои расмии Тоҷикистон дар Ватан ва Федератсияи Русия муроҷиат намоянд.
Таъкид карда шуд, ки расонидани кумаки ҳуқуқӣ ҷиҳати муайян намудани вазъи будубоши шаҳрвандон аз ҷониби намояндаҳо ройгон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз қабл мақомоти Русия феҳристи шахсони “таҳти назорат”-ро нашр карданд, ки дар он исми ҳудуди 120 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон қарор дорад. Гуфта шудааст, ҳамаи маҳдудиятҳои ҳуқуқӣ нисбати шаҳрвандоне, ки ба феҳристи мазкур шомил шудаанд, аз 5-уми феврали соли 2025 эътибор пайдо мекунанд.
Ба зикри мақомоти ҳарду кишвар, ин рӯйхати шахсоне мебошад, ки барои будубош дар Федератсияи Русия асосҳои қонунӣ надоранд. Бинобар ин, дар феҳрист маълумот дар бораи муҳоҷироне ворид шуд, ки муҳлати ҳуҷҷатҳои муҳоҷираташон ба охир расидаст ё бекор карда шудааст, инчунин онҳое, ки ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ содир кардаанд ва бояд аз кишвар хориҷ карда шаванд.