arzon replenishment
Ҳушдори КҲФ: 22-23-юми август эҳтимоли омадани сел зиёд аст
22.08.2024
ОИЛА.ТҶ
382

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 22-23-юми август дар дар як катор ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳо эҳтимол дорад.

- Ғайр аз ин, дар пасманзараи болоравии ҳарорат эҳтимоли баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, резиши санг аз кӯҳу туппаҳо ва ярч вуҷуд дорад,- меафзояд манбаъ.

Дар ҳамин иртибот Кумита ба аҳолӣ муроҷиат мекнунад, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми будубош дар соҳили рӯдхонаҳо ва ё ҳангоми кӯҳгардӣ эҳтиёткор бошанд.

Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад, ки аз қабл ҷӯву каналҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна селовардаҳову бодовардаҳо тоза кунанд, то дар сурати омадани оби зиёд маҷрои он дигар нашавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД