Аз 10 то 13 июн дар шаҳри Душанбе конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»баргузор гашт.
Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд беш аз ду ҳазор намояндагону роҳбарон аз 100 давлати ҷаҳон ширкат варзида, масоили обу иқлимро дар сайёра муҳокима намуданд.
Дар доираи ин чорабинии муҳим дар шаҳри Душанбе фестивалу форумҳои гуногун доир ба масъалаҳои обу пиряхҳо ва иқлим, аз ҷумла Форуми байналмилалии пиряхҳо, Форуми байналмилалии парлумонӣ таҳти унвони «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон», Форуми байналмилалии зан ва об, Форуми Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Об ва тағйирёбии иқлим», Форуми оби Африқо, Форуми бахши хусусӣ, Форуми кӯдакон ва ҷавонон оид ба об ва иқлим, Форуми ташкилоти ҳавзавӣ, Форуми илм ва технология ва Фестивали обу пиряхҳо гузаронида шуданд.
Намояндаи СММ:
Осиёи Миёна дар таҳқиқ ва ҳифзи пиряхҳо нақши муҳим дорад
Каха Имнадзе, намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба Осиёи Марказӣ дар доираи Форуми байналмилалии пиряхҳо дар Душанбе гуфт, ки Осиёи Марказӣ дар таҳқиқ ва ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ мавқеи муҳимро ишғол менамояд.
“Ман хеле шод ва сипосгузор ҳастам, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳамроҳ бо созмонҳои зиёди ҷаҳонӣ чунин чорабинии васеъмиқёс баргузор намуда, тамоми ҷаҳонро ба таваҷҷуҳ ба чунин мушкили муҳими ҷаҳонӣ, ба мисли обшавии пиряхҳо ва ҳифзи захираҳои обӣ даъват менамояд”,- гуфт номбурда.
Ба андешаи Каха Имнадзе, моро зарур аст, ки равишро дар рушди ҳифзи захираҳои об муайян намуда, ҳамкории байналмилалиро дар ин самт таҳким бахшем.
Нерӯгоҳ месозем, вале дарёи нав сохта наметавонем
Ба андешаи Ҷамшед Шоимзода, муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, минтақаи Осиёи Марказӣ бо суръати баланд рушд мекунад. “Масалан, аҳолии Тоҷикистон дар 30 соли ахир ду баробар афзуд: мо 5 миллион будем, ҳоло 10 миллион. Бинобар ин, талабот ба об низ меафзояд. Мо метавонем неругоҳҳои барқи обӣ, неругоҳҳои бодӣ ва офтобӣ созем, аммо дарёи нав сохта наметавонем. Ҳамаи мо мефаҳмем, ки об дар ин рушд нақши калидӣ дорад. Мутаассифона, мушкилоти зиёди марбут ба об вуҷуд доранд, ки яке аз онҳо, ки ҳамаи мо ҳоло эҳсос мекунем, тағйирёбии иқлим аст. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки мо тағйирёбии иқлимро тавассути об 84% дар минтақаи худ ва дар сатҳи ҷаҳонӣ 76% эҳсос хоҳем кард”,- таъкид намуд Ҷамшед Шоимзода.
Ҳушдори Президент
Тибқи гузориши коршиносон, соли 2023 низ ҳамчун соли гармтарин сабт шудааст. Зимни суханронӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» гуфт, эҳтимоли қавӣ вуҷуд дорад, ки ин ниҳояти кор нест ва дар чанд соли оянда мо боз шоҳиди дигар рақамҳои рекордӣ хоҳем шуд. “Тайи панҷ соли охир мо пайваста шоҳиди солу моҳҳои гармтарин дар сайёра дар тамоми давраи мушоҳидаҳо гардидаем”,- иброз дошт Сарвари давлат.