Аз 23 то 25-уми сентябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешбинӣ шуда, дар баъзе минтақаҳо хатари омадани сел вуҷуд дорад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар рӯзҳои мазкур дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд, инчунин дар ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимоли омадани сел вуҷуд дорад.
Агентӣ аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки дар чунин шароити номусоиди обуҳаво чораҳои эҳтиётӣ андешида, ҳангоми сафар ва будубош дар минтақаҳои кӯҳию доманакӯҳӣ эҳтиёткор бошанд.
Мақомот аз сокинон хостаанд, ки дар сурати бад шудани вазъи обуҳаво тавсияҳои мақомоти масъулро риоя кунанд.