Formula novemver 2024
Ҳушдор: Боз ҳаво хоколуд мешавад!
978

 

Шабонарӯзи оянда тағйирёбии боду ҳаво дар сатҳи кишвар дар назар дошта шуда, туҳфони гарду ғубор фаро мегирад.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар хабар дода, огоҳ кардааст, ки рӯзи 12-уми майи соли ҷорӣ дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, навоҳии минтақаи Кӯлоб, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе тӯфони гарду ғубор дар назар дошта шудааст. Ин хокбориш аз навоҳии ҷанубу ғарби ҳамсоя ба қаламрави кишвари мо ворид мешавад.

Дар ин замина Кумита тавсия додааст, ки нафароне, ки аз бемориҳои дилу раг ва диабети қанд ранҷ мекашанд нисбати саломатии хуб диққат диҳанд.  Ҳамчунин ба нафароне, ки аз бемориҳои зиққи нафас ва роҳи нафас азият мекашанд, тавсия дода мешавад, ки меъёри доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед, ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошанд ва дар ҳолати натиҷаи дилхоҳ надодани доруҳои истемолӣ ба духтур муроҷиат намоянд.

 

Дар ин рӯзҳои пурчанг ронандагон низ бояд суръати ҳаракат дар роҳҳоро риоя намуда, техникаи бехатариро дар роҳҳои куҳиву наздикуҳӣ  иҷро намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД