Formula novemver 2024
“Ҳушанг” –ёдгоре аз Ориёи бузург
528

Истаравшан ҳамчун шаҳри ҳунармандону тоҷирон машҳур гаштааст. Ин куҳаншаҳрро бо устоҳои кордсоз ва оҳангараш мешиносанд. Оҳангарони Истаравшан аз қадим шуҳрат дошта, маҳсули дастони онҳо дар тамоми олам паҳн гаштааст. Озари Истаравшанӣ оҳангар ва кордсози маъруфе буд, ки шаҳрванди ифтихории империяи Рум гардидааст, аз ин рӯ Истаравшанро пойтахти оҳангарон меноманд .

Имрӯзҳо дар шаҳри Истаравшан растае бо номи оҳангарон фаъолият мекунад, ки дар он устоҳои оҳангару кордгар фаъолият мебаранд. Аз "Растаи Оҳангарон" пештар Маркази ҳунар ва фарҳанги "Ҳушанг" мавҷуд аст. Ин марказ соли 2006 бахшида ба бузургдошти "Тамаддуни Ориёӣ дар Тоҷикистон" ба истифода дода шудааст.

Ин бино аз се ошёна иборат буда, бо шакли ориёӣ қомат афрохтааст. Дар ошёни аввали он дӯкони кории кордсози машҳур Абдуманон Ҳусейнзода мавҷуд аст. Дар ошёни дуюм ва сеюм бошад, корд, шамшер, сипар, "шамшери Рустам", "Ҷоми Ҳофиз" ва дигар асарҳои офаридаи ин оҳангари истаравшанӣ маҳфузанд. Дохили бино бо пайкараҳои девории ниёгон оро дода шудааст.

Дар давоми бинои "Ҳушанг", "Растаи Оҳангарон" мавҷуд буда, аз 13 дӯкони кории оҳангарон иборат мебошад. Он ягона растаи бузурги оҳангарӣ ба ҳисоб рафта, устоҳои кордсозаш ҳамарӯза машғули коранд. Дар раста кордҳои машҳури Истаравшан аз ҷониби кордсозон ба фурӯш гузошта шудааст. Маҳсули дасти кордсозони Истаравшан аз замонҳои қадим дар Мовароуннаҳр аз ҷиҳати сифат аз кордҳои ҳунарварони Қаротоғи Ҳисор ва Чусти Фарғона беҳтар ҳисобида мешуданд, аз ин рӯ, ҳамчун бренди Истаравшан арзёбӣ мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД