arzon replenishment
Ҳушам кашоли кавалерам аст
09.05.2020
Р. Азимӣ
3231

 

Салом, Азизҷони гумгаштаам! Мутмаинам ки сомонаи "Оила"-ро мехонӣ. Мани ошиқ дар хобу бедорӣ орзуи васли туро мекардам, вале Худо нахост, ки ману ту якҷо бошем.

Азизам, ту он қадар дили маро ба худ ром карда будӣ, ки ҳатто як лаҳза бе ту зиста наметавонистам, аммо тақдири бераҳм моро аз якдигар ҷудо кард. Ман ҳаргиз туро дар ҷудоиямон гунаҳгор намекунам. Гунаҳгор қисмати номард аст, ки пайванди моро бурид. Азизи гумгаштаам, оё медонӣ, ки маро ба шавҳар доданд? Бале, тақдир маро бо шахсе пайваст, ки нисбаташ заррае меҳру муҳаббат надорам. Шавҳарам бо ман меҳрубон аст, вале ҳарчанд кӯшиш мекунам, ҳеҷ ӯро дӯст дошта наметавонам. Муҳаббати ту дар тору пуди вуҷудам он қадар амиқ ҷой гирифтааст, ки ба ҷуз ту дигар касеро дар қалбам ҷо дода наметавонам. Шавҳар дошта бошам ҳам, то ҳол дилам бо ёди ту гум мезанад. Туро баробари ҷонам, балки аз ҷонам ҳам бештар дӯст медорам, вале...

Бароят аз сидқи дил бахт мехоҳам. Хушбахт бош, азизам !

Ёри номуроди ту

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД