arzon replenishment
Ғуруби ситора Қисми 2
07.04.2022
ОИЛА
2389

             Муҳаббат омаду...

Давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъд аз он Ансор то як дараҷа аз муд рафта буд, ҳарчанд ба корҳои эҷодӣ машғул мешуд, вале зиндагии хеле оддӣ дошту то як дараҷа шӯҳраташ аз миён рафта буд. Як бало карда, бори зиндагӣ мекашид… Як рӯз дар ҷойи кораш банди машқи оҳанге буд, ки ректори донишгоҳе зангаш зада хоҳиш кард, ки агар имконият дошта бошад, ба наздаш биёяд. Сарвари донишгоҳ дар сӯҳбат аз Ансор хоҳиш намуд, ки муддати як моҳ бо донишҷӯён саҳнаи мӯсиқие тайёр намоянд, зеро дар иди Наврӯз сабқате ҳасту онҳо бояд ғолиб биёянд. Ӯ маблағи хубе ҳам ваъда кард, Ансор розӣ шуд ва акнун ҳар рӯз баъди дарсҳо ҳамроҳи донишҷӯён машқ мекард. Рӯзи аввали ба толори донишгоҳ ворид шуданаш эҳсос кард, ду чашм ба ӯ бо меҳрубонию навозиш менигаранд. Соҳиби ин чашмҳо Нигор, духтари қоматбаланди сабзинаи хеле зебо буд. Кокулони марғуладор, абрӯвони камон ва нигоҳи ҷозибадораш ҳар бинандаро ба худ мекашид, Нигор суруди якка мехонд ва ҳангоми хондани рубоиҳои ошиқона чашм аз чашмони Ансор намеканд. Рӯзи сеюми машқ, Ансор сари чамбараки «Волга»-и кӯҳнааш нишаста, нав онро ба ҳаракат дароварданӣ буд, ки Нигор давида наздаш омада гуфт:

-Устод, шумо ба кадом тараф?

-Ман то «Садбарг» меравам,- дасту по хӯрда, ҷавоб дод Ансор.

-Хайр майлаш, ман автобусро мунтазир мешавам, беморхонаи марказӣ рафтаниям…

Дили Ансор аз нигоҳҳои духтар об хӯрда буд ва ӯро ба мошин таклиф кард. Нигор низ нею нестон накарда нишаст. Нигор дар лаҳзаҳои аввали танҳо мондан ба Ансор изҳори ишқ кард:

-Медонед, ман як умр ошиқи шумо ҳастам.

Ҳофиз бо ханда гуфт, “ту худат чанд сол дорӣ, ки онро умр меномӣ?”

-Биступанҷ сол,- андешаманд посух дод Нигор…

                      

Чашмаи навозиш

Нигор нақл кард, ки шавҳараш бар асари бемории домана фавтидаасту писаркашро танҳо ба воя мерасонад. Бону дар бораи деҳа, зебогиҳои он, ишқаш ба Ансор чунон бо ҳавас сухан мекард, ки ҳофиз нафаҳмида, ба ӯ дил баст.

Нигор ғоибона дар донишгоҳ мехонд ва ҳар бори ба пойтахт омаданаш, як моҳро бо ҳамроҳии Ансор сипарӣ мекард. Ансор ҳайрон мешуд, ки як бонуи қишлоқӣ ин қадар дар бораи покизагии ишқ ҳарф мезанаду ин қадар ӯро дӯст медорад, вале оҳиста-оҳиста ин ишқ ҳам ба дилаш зад, зеро ӯ акнун бо раққосаи фоҳишае ҳамхоба мешуд ва хунарҳои ӯро дар бистар Нигор надошт….

Ҳамин тавр, ӯ аз Нигор ба қавли худаш канд.

Бозгашт

Дар ин миён ба Ансор мансаби баланде доданд, акнун ӯ гоҳ-гоҳе ба саҳна мебаромад. Чун зиёд ҳарис буд, дар як муддати кӯтоҳ аз ҳисоби пули ҳаром соҳиби ҳавлию ҳарам, мошину хонаҳои қатор гашт. Худаш низ бологузару хушлибос буд, маъшуқаҳои ҷавону зебо барои пулҳояш дар атрофаш чарх мезаданд. Духтарашро хонадор карду писарашро зан дод, ҳамсараш се карат ҳоҷибибӣ шуд. Дар кохи бонуфузе маҳфили адабие баргузор гашт, он ҷо Ансор чун меҳмони ифтихорӣ суруд хонд. Ва дар толор Нигорро дид, аввал гумон кард, ки нигоҳаш ӯро фиреб медиҳад, вале баъди ба толор фаромада, боварӣ ҳосил кард Нигор ин ҷо ҳузур дорад… “Агар каме фарбеҳ шуданашро ба назар нагирем, ӯ тамоман дигар нашудааст, ҳамон малоҳат, назокат ва зебоӣ… Танҳо либоспӯшияш ба занҳои шаҳрӣ монанд…”,- Аз дил гузаронид Ансор, ки дар дил чӣ гуна бори дигар ба дом афтондани бонуро мекашид. Маҳфил ба охир расиду Ансор назди мошини қимматбаҳои хориҷияш ин тараф он тараф рафта, Нигорро мунтазир нишаст. Аммо бону ғайричашмдошташ ба ӯ нимнигоҳе ҳам набахшида, бо марди қоматбаланди зардинаи хушсалиқае ба мошини аз мошини ӯ гаронбаҳотар нишаста рафт.

Пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд Ансор фаҳмид, ки Нигор ба марди сарватманде хонадор шудаву дар ташкилоти хориҷие кор мекунад. Акнун ӯ шабу рӯз фикри Нигорро мекард ва баъди шаш моҳи ин вохӯрӣ онҳо дар мағозае рӯ ба рӯ омаданд, Нигор бо ӯ гарм авҳолпурсӣ карду бо ҳамон содалавҳии азалӣ иброз дошт, ки он рӯз назди шавҳараш натавонист гуфтугӯ кунад.

Сӯҳбати ошкоро

Ансор Нигорро ба ҷону ҳолаш намонда, аз ӯ қавл гирифт, ки ду рӯз пас сари як пиёла чой сӯҳбаташонро давом медиҳанд…

Сари хони пурнозу неъмати тарабхонаи бонуфуз ошиқҳои собиқ то дер сӯҳбат карданд. Сӯҳбати ширини боақлона, симои ниҳоят зебо, қомати болову лабу даҳони дилкаши ҷавонзан, Ансорро дубора ба худ кашид. Ҳиси шаҳвонияш боло гирифту ба шавҳар доштани зан нигоҳ накарда, хирагӣ карда ба Нигор дубора изҳори ишқ кард. Ҷавонзан бо ханда гуфт:

- Ман шавҳар дорам ва намехоҳам ба ӯ хиёнат кунам, дигар ин ки ман ба ту чӣ даркорам, медонам, ҳоло барои пул шуда, шонздаҳсолаҳо ба оғӯши ту барин бойбобоҳо медароянд.

Аммо Ансор оне, набуд, ки аз луқмааш даст кашад, баъд мехост ба Нигор боигариву шукӯҳу шаҳомати худро нишон диҳад. Зеро он замоне, ки онҳо бо ҳам омада буданд, Ансор ғайри хонаи якҳуҷрагӣ ва як «Волга»-и шалақ чизе надошт… Имрӯз бошад…

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД