Таътили тобистона низ фаро расид. Ҳафтаи равон аксари хонандагони мактабҳои миёна имтиҳонҳои охирини худро месупоранд ва давраи истироҳат оғоз меёбад.
Кӯдакон таътили тобистонаро дар куҷо гузаронида метавонанд?
Барои истироҳати бофароғати кӯдакон ва наврасон дар фасли тобистон дар ҷумҳурӣ 57 истироҳатгоҳи берун аз шаҳрӣ кушода шудааст, дар баробари ин, лагерҳои наздимактабӣ фаъолият менамоянд. Аз шумораи умумии истироҳатгоҳҳои берун аз шаҳрӣ 20 истироҳатгоҳ тобеи шуъбаҳои маориф ва 5 истироҳатгоҳи дигар ба иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм мутаалиқ мебошад. Имсол беш аз 200 ҳазор кӯдакону наврасони тоҷик дар давраи таътили тобистона ба ин истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд.
Тавре ки Вазорати маориф ва илми кишвар хабар додааст, соли равон барои ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон 4,5 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ф. Сатторӣ