Дирӯз як гурӯҳ журналистони тоҷик ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон сафари матбуотӣ намуда, аз наздик бо натиҷаҳои лоиҳаи “Таҳкими иқтидори ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳифзи занони зери хатар қарордошта ё қурбониёни хушунати хонаводагӣ дар Осиёи Марказӣ” ва дастовардҳои баҳрабардорандагони он ошно шуданд.
Чорабинӣ бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии “Гендер ва тараққиёт” дар маркази “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” дар шаҳри Бохтар баргузор гашта, дар он намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила, созмонҳои хориҷӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳуқуқшиносон ва кормандони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Тавре директори ташкилоти ҷамъиятии “Гендер ва тараққиёт” Наргис Саидова гуфт, “лоиҳаи “Таҳкими иқтидори ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳифзи занони зери хатар қарордошта ё қурбониёни хушунати хонаводагӣ дар Осиёи Марказӣ” бо дастгирии молиявии Агентии фаронсавӣ оид ба рушд AFD ва ACTED муддати се сол боз дар 3 кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон амал карда истодааст. Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур таҳкими нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳалли масъалаҳои зӯроварии гендерӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мусоидат намудан ба тавонмандсозии занони зери хатари хушунати хонаводагӣ қарордошта мебошад. Ин лоиҳа асосан дар вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ амал карда, ноҳияҳои мақсадноки Бохтар, Кӯшониён, Вахши вилояти Хатлон ва Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзодаро фаро гирифтааст. Фаъолияти лоиҳаи мазкур санаи 14-уми сентябри соли 2024 расман ба охир мерасад. Натиҷагирӣ ва таҳлили дастовардҳои баҳрабарандагони лоиҳа аз он гувоҳӣ медиҳад, ки лоиҳа натиҷаҳои хеле хуб дода, дар коҳиш ёфтани зӯроварӣ алайҳи занон, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробар ва тавонмандсозии занони зери хатари хушунат қарордошта таъсири мусбат гузоштааст, вале баъзе мушкилиҳо дар ин самт ҳанӯз ҳам вуҷуд доранд. Минбаъд идома ёфтани чунин лоиҳаҳо имкон фароҳам меорад, ки мушкилоти гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ оҳиста-оҳиста ва зина ба зина бартараф карда шаванд...”.
Бояд гуфт, ки дар доираи лоиҳаи мазкур корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла ҳуҷҷатгузории далелҳои поймолкунии ҳуқуқҳои заноне, ки мавриди зӯроварии гендерӣ қарор доранд, бо мақсади ҳимояи минбаъдаи ҳуқуқҳои онҳо ва пешгирии табъиз, ташкил кардани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ бо мақсади таҳияи тавсияҳо ва чораҳои мушаххас оид ба вокуниш ва муқовимат бо зӯроварии гендерӣ ва маъракаҳои иттилоотӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ ва таъмини баробарии гендерӣ дар ҷомеа.
Дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Бохтар, Вахш ва Кӯшониён гурӯҳҳои кории фаъол оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар сатҳи маҳаллӣ ташкил карда шуда, дар байни аҳолии ноҳияҳои ҳадафӣ 84 ҷаласаҳои иттилоотӣ гузаронида шудааст.
Лоиҳаи мазкур дар вилояти Хатлон дар маҷмуъ 1283 нафарро фаро гирифта, аз ин шумора 1104 нафарашон занону духтарон ва 179 нафарашон мардон будаанд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ин лоиҳа 1308 нафарро фаро гирифтааст, ки аз ин теъдод 1114 нафар занон ва 194 нафарашон мардон мебошанд.
Бо мақсади тавонмандсозии занони зери хатари хушунати хонаводагӣ қарордошта дар доираи лоиҳаи мазкур ҳамчунин ба як идда занону духтарон аз ноҳияҳои ҳадафӣ маблағҳои грантӣ ва таҷҳизоти зарурӣ барои роҳандозии фаъолияти мушаххас ҷудо карда шудааст.
Журналистон дар рафти чорабинӣ ҳамчунин бо намунаҳои кори баҳрабарандагони лоиҳа, ки гулдӯзию зардӯзӣ, маҳсулоти кулолӣ ва дигар дастранҷи хешро ба маърази тамошо гузошта буданд, ошно шуданд ва ба ҳунару маҳорати онҳо баҳои баланд доданд.
Баҳрабарандагони лоиҳа дар бораи муваффақиятҳое, ки туфайли лоиҳаи мазкур дар тӯли се сол ба даст овардаанд, бо ифтихор нақл карда, ба Агентии фаронсавӣ оид ба рушд AFD ба ACTED ва ташкилоти ҷамъиятии “Гендер ва тараққиёт” барои кумаку дастгириашон изҳори сипос намуданд.