Имрӯз мардуми шарифи тоҷик қатори дигар мусалмонони ҷаҳон яке аз идҳои хеле муҳими муслиминро ҷашн мегиранд, ки он Иди Қурбон мебошад. Ин ид дар дини мубини ислом ҷойгоҳи хоси худро дорад, зеро қурбонӣ як василаи пок шудан аз гуноҳон ва наздик шудан ба Аллоҳи меҳрубону бахшоянда аст.
Ибодатҳое, ки дини мубини ислом ба бандагони Худо муқаррар кардааст, баданӣ ва молӣ ҳастанд. Намозу рўза ибодати баданӣ ва ҳаҷ ибодати баданӣ ва молӣ аст. Қурбонӣ низ яке аз ибодатҳои молӣ ба шумор меравад. Худованд дар Қуръон мефармояд: “Пас намоз гузор барои ризои Парвардигори худ ва ба номи Ў қурбонӣ кун”. (“Кавсар”; 2).
Қурбонӣ маҳбубтарин амали банда дар назди Худованд аст
Қурбонӣ яке аз шиорҳои ислом аст, ба он хотир ки мутобиқи суннати Иброҳим (а) ҷонвареро сидқан барои ризои Худо забҳ менамоянд. Аз ҳазрати Оиша (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармудаанд: “Ҳеҷ амали фарзанди Одам дар рўзи наҳр дар пешгоҳи Худованд аз қурбонӣ кардан маҳбубтар нест. Чорвои қурбонишуда рўзи қиёмат бо шоху мўй ва тамоми аҷзояш дар тарозуи аъмол вазн мешавад. Хуне, ки аз забҳи чорвои қурбонӣ мерезад, ҳанўз ба замин нарасида, савобаш назди Худованд навишта мешавад, пас ба хушҳолӣ қурбонӣ кунед”. (Ривояти Тирмизӣ ва Ибни Моҷа).
Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Умар (р) мефармояд: “Пайғамбари Ислом (с) баъди ҳиҷрати худ аз Маккаи мукаррама то муддати даҳ сол дар Мадинаи мунаввара зиндагӣ ба сар бурданд ва дар ин муддат ҳар сол қурбонӣ мекарданд”.
Қурбонӣ кардан ба киҳо воҷиб аст?
Қурбонӣ мувофиқи мазҳаби Имоми Аъзам (р) амали воҷиб аст. Он барои шахсоне воҷиб аст, ки соҳиби нисоби закот бошанд. Яъне касоне, ки ғайр аз ниёзҳои зарурии худ боз соҳиби 21000 сомонӣ бошанд, фарқе надорад, ки ашхоси сарватманд шаҳрӣ бошанд ё рустоӣ. Дар тамоми шартҳои боло зану мард баробаранд.
Агар дар як хона чанд бародар якҷо зиндагӣ кунанд ва ҳамаашон соҳибнисоб бошанд, бояд ҳамагӣ қурбонӣ кунанд. Ҳамчунон ки бар марди сарватманд қурбонӣ воҷиб мешавад, бар зани сарватманд низ қурбонӣ воҷиб аст. Агар падару модар соҳибнисоб бошанду қурбонӣ кунанд ва фарзандашон низ соҳибнисоб буда, ҳама дар як хона бошанд, аз зиммаи фарзанд қурбонӣ соқит намешавад, бояд ҳамагӣ қурбонӣ кунанд.
Бархе аз мардум фикр мекунанд, ки агар як сол қурбонӣ кунанд, ҳар сол қурбонӣ кардан ба онҳо воҷиб мегардад, агарчи қудрат надошта бошанд. Ин андеша ғалат аст ва асоси шаръӣ надорад, зеро шарти воҷибшавии қурбонӣ сарватманд будан аст.