Қурби рубли русӣ, ки чанд вақт қабл боло рафта буд, боз болотар рафт.
Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз, 27-уми феврал нархи ҳазор рубли русиро 132 сомонӣ муқаррар намуд. Ин дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъаи ҳафта гузашта ҳазор рубли русӣ бо 123 сомонӣ иваз карда мешуд.
Паст шудани қурби рубли русӣ вақтҳои охир боиси нигаронии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик гашта буд.