Қурби пули русӣ боз поён рафт. Мувофиқи маълумотҳои Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз 1000 рубли русӣ ба 137 сомонӣ иваз карда мешавад. Ин дар ҳолест, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш 1000 рубли русӣ ба 142 сомонӣ иваз мешуд.
Поён рафтани қурби рубли русӣ ба вазъи иқтисодии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар Федератсияи Россия кор мекунанд, таъсири манфӣ мерасонад.
Дар ҳоле, ки ин шабу рӯзҳо нархи қариб тамоми намудҳои маҳсулот, хоса хӯрокворӣ хеле боло рафтааст ва дар пеш иди саид фирт аст, поён рафтани қурби рубли русӣ киссаи бе ин ҳам қариб холии муҳоҷиронро холитар месозад, зеро новобаста ба болоравии нарху наво тибқи таомули тоҷикона ҳар як оила кӯшиш мекунад, ки аз хешу табор ва ҳаққу ҳамсояҳои худ қафо намонда, дар рӯзи ид дастурхони пурнозу неъмат орояд.
Худ мешуд, ки масъулин назоратро дар бозорҳо пурқувват карда, дар арафаи иди рамазон боз ҳам болотар рафтани нархи маҳсулотро пешгирӣ намоянд.