Арзиши пули русӣ дар Тоҷикистон боз поён фаромад. Пастшавии қурби пули русӣ ба ҳаёти мардуми тоҷик, хоса оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки рӯзгори худро асосан аз ҳисоби даромаде, ки аз Русия ба даст меояд, пеш мебаранд, албатта таъсиргузор хоҳад буд.
Тибқи иттилоъи Бонки миллии Тоҷикистон қурби пули русӣ дар Тоҷикистон баъди соли нав каме поён фаромада, имрӯз 1000 рубли Русия ба 121, 4 сомонӣ баробар мебошад.
Аммо арзиши доллари амрикоӣ баръакс баланд рафтааст. Ҳамагӣ як рӯз қабл доллар ба 10,9571 баробар буд, вале имрӯз он аллакай ба 10,9620 сомонӣ баробар шудааст. Ба иттилоъи Бонки миллӣ Евро айни замон 12,0450 сомонӣ арзиш дорад.
Ҳамин тариқ таносуби сомонӣ бо пулҳои хориҷӣ имрӯз дар бозори Тоҷикистон чунин аст:
1 доллари США – аз 10,9620 то 10,9500 сомонӣ;
1 евро – аз 12,0450 то 12,2000 сомонӣ;
1рулби Россия –аз 0,1214 то 0,1230 сомонӣ.
Ёдрас мешавем, ки солҳои охир поён фаромадани қурби пули русӣ дар Тоҷикистон ба як падидаи нохуш барои муҳоҷирони меҳнатӣ табдил ёфтааст. Рубли рӯсӣ баъзан то 150-160 сомонӣ дар таносуб бо 1000 рубли русӣ боло рафта, баъдан якбора то ба 100 ва ҳатто аз он ҳам паст фаромада, муҳоҷирон аз ин ҳисоб зарари зиёди молиявӣ бинанд. Умедворем, ки дар фасли сарди зимистон ин ҳолат боз такрор намеёбад.