arzon replenishment
Қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2025 баргузор шуд
180

23-юми апрел дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2025 баргузор шуд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар даври муқаддамотии Ҷоми кишвар 14 дастаи лигаи якуми Тоҷикистон ширкат мекунад. Дар натиҷаи қуръакашӣ ҳафт ҷуфт ташкил карда шуд. Ғолиби ҷуфти «Сардор» - «Сарҳадчӣ» роҳхати даври 1/8-ниҳоиро ба даст меорад. Се роҳхати боқимондаи қуръакашии қисмати асосии Ҷоми кишварро ғолибони се ҷуфти даври муқаддамотии дуюм соҳиб мешаванд.

Бозиҳои аввали даври муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2025 рӯзҳои 2, 3 ва 4-уми май доир мешаванд. Се вохӯрии даври дуюми муқаддамотӣ рӯзи 5-уми июл сурат мегирад.

Бошгоҳҳои Лигаи олии Тоҷикистон аз марҳилаи 1/8-ниҳоӣ вориди рақобат мешаванд.

Бояд гуфт, ки имсол тамоми марҳилаҳои Ҷоми Тоҷикистон аз як бозӣ иборат хоҳад буд.

Ҷоми Тоҷикистон-2025

Марҳилаи интихобӣ, бозиҳои аввал

2-4-уми май

«Душанбе» - «Саройкамар»

«Саразм» - «Шодмон»

«Исфара» - «Парвоз»

«Норак» - «Сомон»

«Ваҳдат» - «Моҳир»

«Рангон» - «Мастчоҳ»

«Сардор» - «Сарҳадчӣ»

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД